СЕМИНАР ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар доираи лоиҳаи муштараки Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани Консепсияи давлатӣ оид ба ёрии ҳуқуқии ройгон имрӯз дар мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилояти Хатлон бо иштироки 20 нафар адвокатҳои минтақа семинари дурӯза дар мавзуи » Тақвияти малакаи пур кардани базаи маълумотҳои электронӣ ва масъалаҳои истеҳсолоти судии ҷиноятӣ» ба кори худ оғоз намуд. Ин семинар оғози силсилачорабиниҳои гуногуни курсҳои такмили ихтисос мебошад, ки зимни нақшаи ин лоиҳа дар минтақа давоми ду ҳафта амалӣ карда шуда, ширкати зиёда аз 80 нафар адвокатҳо дар онҳо ба назар гирифта шудааст.