СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ «АСОСҲОИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО»

5-6 декабри соли 2019  зимни ҳамкориҳои мутақобилан судманди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ ) дар шаҳри Душанбе бо иштироки адвокатҳои минтақаи шаҳри Душанбе семинари дурӯза дар мавзӯи «Асосҳои истеҳсолоти иҷро» гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои мубрам вобаста ба истеҳсолоти иҷро ва фаъолияти судиҷрочиён баррасӣ гардид.