МИЗИ МУДАВВАР ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

18-уми январи соли 2020 дар Кохи Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адвокатҳои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мизи мудаввар доир ба муҳокимаи лоиҳаи “Стандартҳо оид ба сифати кори адвокатҳо, ки дар парвандаҳои ҷиноятӣ ёрии ҳуқуқии баландихтисоси дуюмдараҷа мерасонанд” доир гардид. Вобаста ба мавзӯи мазкур байни иштирокдорон мусоҳибаҳои судманд сурат гирифта, таклифу дархостҳои арзишманд ироа карда шуданд. Ёдрас мекунем, ки чорабиниҳои мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани Консепсияи давлатӣ  оид ба ёрии ҳуқуқии ройгон роҳандозӣ карда шуда истодааст.