Маркази захираҳои ҳуқуқӣ

Иттифоқи адвокатҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати ҳуқуқии ройгон пешниҳод менамояд.
Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шумо мерасонад, ки бо мусоидати Филиали Ассотсиатсияи адвокатҳои Амрико Барномаи волоияти қонун дар Тоҷикистон (ABA ROLI) дар доираи барномаи АБА РОЛИ «Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ», ки дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ (ICNL) ба туфайли дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад, Маркази захираҳои ҳуқуқӣ (минбаъд – «МЗҲ») таъсис дода шуд.
МЗҲ дар бинои маъмурии Иттифоқи адвокатҳо воқеъ дар шаҳри Душанбе суроғаи: кӯчаи Н.Қарабоев 65 фаъолият менамояд.
Аз замони таъсисаш дар моҳи октябри соли 2022, МЗҲ ба созмонҳои ҷамъиятии Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ тавассути пешниҳоди машваратҳои онлайнӣ, телефонӣ ва шахсӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори онҳо ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандон дар минтақаҳои худ дастгирӣ менамояд.
Машваратҳо тавассути платформаи махсус коркардшудаи онлайнӣ lrc.tj пешниҳод карда мешаванд.
Дар идомаи фаъолият МЗҲ доираи гирандагони машваратҳои ҳуқуқиро васеъ менамояд. Аз 1 декабри соли 2023 бевосита ба доираи шаҳрвандони зерин машварати ройгони ҳуқуқӣ дода мешавад:
• Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо;
• Заноне, ки қурбонии хушунати хонаводагӣ шудаанд;
• Заноне, ки қурбонии хариду фурӯши одамон шудаанд;
• Занон оид ба масъалаҳои ситонидани алимент;
• Шахсони маъюбият дошта.
Дар давраи аз январ то марти соли 2024 барои фароҳам овардани дастрасӣ ба платформа он такмил дода мешавад, ки маълумоти иловагӣ пешниҳод карда мешавад. То ба охир расидани ин раванд, Шумо метавонед бевосита тавассути тамос бо мушовирони марказ бо рақамҳои дар поён овардашуда барои ёрии ҳуқуқӣ дархост намоед.
Машваратчиёни платформа адвокатҳои зерин баромад менамоянд:
1. Окилов Фозил Олимович, тел: 93 404 03 75, fozil.okilov@mail.ru
2. Каримов Иброҳим Амиралиевич, тел: 93 333 33 89, ibragim1001k@gmail.com
Иттифоқи адвокатҳо аз ҳамаи гирандагони ёрии ҳуқуқӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматҳои МЗҲ истифода баранд ва бо камоли майл ба саволҳои Шумо посух хоҳанд дод.