Анҷумани панҷуми Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 18-19 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Анҷумани навбатии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он 57 вакил аз минтақаҳои шаҳри Душанбе, ВМКБ, ШНТҶ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд иштирок намуданд.
Ин чорабинии муҳими касбӣ ба рӯзи таъсисёбии Иттифоқи адвокатҳо рост омад. Дар давоми ду рӯз дар Анҷуман зиёда аз 22 масъалаҳои ҳаётан муҳими адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, интихоби Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваста, ба ин вазифа адвокат, Ҳайдаров Алишер Абдулмуминович- раиси ММИА дар вилояти Хатлон интихоб гардид. Инчунин, аъзоёни Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ба мӯҳлати 4 сол, намояндагон аз Иттифоқи адвокатҳо ба Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни Комиссияи ревизонӣ интихоб карда шуда, сметаи хароҷотҳо барои нигоҳдории фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо то Анҷумани навбатӣ тасдиқ гардид.
Анҷумани мазкур дар фазои демократӣ, шаффоф ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии касбӣ доир гардида, фикру мулоҳизаҳои адвокатҳо оид ба масъалаҳои идоракунӣ ва мушкилиҳои фаъолияти адвокатӣ ҷиҳати қабули қарорҳои асоснок баҳри рушди устувори минбаъдаи адвокатураи тоҷик гирифта шуд.
Бо назардошти он ки Иттифоқи адвокатҳо зода ва самараи Истиқлолияти кишвар ва ниҳоди ҷавон аст, Анҷуман ҳамчун мақоми олӣ, Раёсат, воҳидҳои сохторӣ ва комиссияҳои дахлдори он дар марҳилаи рушди ниҳоди адвокатура нақши созгор доранд. Аз ин рӯ,
бо мақсади амалӣ гаштани маҷмӯи чорабиниҳо ва вазифаҳое, ки тибқи Қонуни ҶТ дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ  ва Консепсияи рушди устувори Иттифоқи адвокатҳо то соли 2030 дар назди адвокатҳо гузошта шудааст, ба Роҳбарияти нави Иттифоқи адвокатҳо, аъзоёни Раёсат ва комиссияҳои дахлдор барори кор ва муваффақиятҳои беназири касбиро орзумандем.