Вохӯрӣ бо донишҷӯён

Санаи 01.01.2023 сол вохӯрии Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуритдинов С.Ҳ. ва директори МТИА, аъзои Раёсат Оқилов Ф.О. бо донишҷуёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россиягӣ-Тоҷикӣ, ки таҷрибаомӯзии истеҳсолии худро дар ниҳоди адвокатура оғоз намуданд, баргузор гардид. Номбурдагон ба донишҷуён дар бораи қонунгузории танзимкунандаи ниҳоди адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, мақсад ва вазифаҳои Иттифоқи адвокатҳо, мақомотҳо ва сохторҳои таркибии он, шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ, тартиби соҳиб шудан ба мақоми адвокат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои адвокат, нақши адвокат дар ҷомеа, низоми адолати судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ маълумоти муфассал доданд. Дар охир саволу ҷавоби мутақобилан судманд дар байни иштирокчиён сурат гирифт.