КОНФЕРЕНСИЯ

      6-уми октябри соли 2022 дар Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносӣ, Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи”Рушди фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар кори он Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Нуритдинов Саидбек Ҳасанович иштирок намуда, дар мавзӯи ” Масъалаҳои мубрами фаъолияти адвокатӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ” баромади пурмуҳтаво намуданд. Мавсуф дар бораи дастовардҳо, мушкилотҳо ва дурнамои ниҳоди адвокатура сухан гуфта, аз ҷумла, дар баромадашон қайд намуданд, ки Иттифоқи адвокатҳо бо аксарияти макотиби олӣ ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Вақти он расидааст, ки чунин санад бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба хотири баргузории чорабиниҳои омӯзишии муштарак ва ҷалб намудани донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ ба таҷрибаомӯзӣ ва  касби адвокатӣ, ба имзо расонида шавад.