Ба истифода додани бинои Коллегияи адвокатҳои “Ваҳдат”

25 маи соли 2024, дар арафаи иди касбӣ-Рӯзи адвокатҳо дар шаҳри Ваҳдат маросими ифтитоҳии расмии бинои Коллегияи адвокатҳои “Ваҳдат”- и ММИА дар ШНТҶ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона меҳмонон, рохбарияти Иттифоқи адвокатҳо, роҳбарият ва адвокатҳои минтақаи мазкур иштирок намуданд. Раиси Иттифоқи адвокатҳо Алишер Ҳайдаров лентаи ифтитоҳиро бурида, дар назди иштирокдорон баромад намуда, адвокатҳоро бо ин рӯйдоди фархунда ва Иди касбӣ муборакбод намуданд. Дар идома суханҳои табрикотии дигар шахсон низ шунида шуда, ба адвокатҳои фаъоли минтақа бахшида ба ҷашни касбӣ ифтихорномаҳо супорида шуд.