Семинари омӯзишӣ

    Семинари омӯзишӣ барои духтарон-донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Фаъолияти адвокатӣ”, ки санаи 12 маи соли 2022 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои самимияту эҳтиром ва табодули судманди афкори иштирокчиён, баргузор гардид, аз чорабиниҳои навбатие буд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалб кардани онҳо ба касби адвокатӣ роҳандозӣ карда шуд.