Сессияи омӯзишӣ дар ДМТ

     Санаи 11 маи соли 2022, дар доираи сессияҳои омӯзишӣ, вохӯрии намояндагони Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сарварии раиси он, Нуритдинов Саидбек Ҳасанович бо донишҷӯ-духтарони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Барномаи миллӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозӣ карда шуд.

      Дар ин чорабинии омӯзишӣ Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов С.Ҳ., директори МТИА-Оқилов Ф.О. ва узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-адвокат Қосимова Зебо дар бораи аҳамият, нақш ва хусусиятҳои касби адвокат, ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои адвокат, фарқи касби адвокат аз ҳуқуқшинос, тарафҳои мусбии касби  адвокат, нақши занон дар адвокатура, асосҳои фаъолияти адвокатӣ ва адвокатура, қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ, институти адвокатура ва воридшавӣ ба касби адвокат, сохтори Иттифоқи адвокатҳо ва  намудҳои фаъолияти адвокатӣ, ба даст овардани мақоми адвокатӣ, барномаи коромӯзӣ, этикаи касбӣ, сирри адвокатӣ, кафолати соҳибихтиёри фаъолияти адвокатӣ, имкониятҳои адвокатура дар самти рушди касбии адвокатҳо ва ғайра ба  донишҷӯ-духтарон маълумот доданд.
     Бо назардошти дар сатҳи олӣ баргузор шудани ин вохӯрӣ ва умедвориҳои зиёд барои оянда, Иттифоқи адвокатҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат-факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ изҳори миннатдорӣ менамояд.