Иттифоқи адвокатҳо ва Шӯрои Аврупо

     Имрӯз, 13 маи соли 2022, дар таърихи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як саҳифаи тоза боз гардид. Яъне, дар шаҳри Душанбе ба ҳамкории дуҷонибаи Иттифоқи адвокатҳо ва Шурои Аврупо дар доираи Барнома оид ба волоияти қонун дар Осиёи Марказӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар ин замина, чорабинии нахустин  оиди амалисозии барномаи омӯзиш вобаста ба ҳуқуқи инсон барои намояндагони касби ҳуқуқшиносӣ (судяҳо, прокуророн ва адвокатҳо)-HELP-и Шурои Аврупо-семинар барои адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи ” Ҳуқуқ ба мурофиаи судии адолатнок дар таҷрибаи Суди европагӣ оид ба ҳуқуқи инсон (ЕСПЧ)” дар меҳмонхонаи “HYATT REGENCY”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.