СЕМИНАР
26-27 августи соли 2020 дар доираи Барномаи муштараки Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо зимни баргузории се гуруҳҳои мақсаднок бо иштироки адвокатҳои мақомоти минтақавии адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳо дар шаҳри Душанбе, мониторинг вобаста ба:
а) таъмини ҳуқуқҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва адвокат дар рафти мурофиаи судии ҷиноятӣ,
б) иҷроиши Қонуни ҶТ” дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, ки мустақилияти адвокатура ва фаъолияти адвокатиро таъмин менамояд ва мутобиқати онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ
гузаронида шуд.
Мониторинг дар ин самтҳо вобаста ба масъалаҳои ҳассос ва мубрами адвокатура ва фаъолиятӣ адвокатӣ бо мақсади муайян кардани фосилаҳои қонунгузорӣ, мушкилиҳои амалия, номутобиқатӣ ба санадҳои байналмилалӣ ва коркарди тавсияву пешниҳодҳо ҷиҳати ҳалли онҳо доир гардида, фикру андешаи судманди адвокатҳо гирифта шуд.
Раиси Иттифоқи адвокатҳо, мӯҳтарам Нуритдинов Саидбек Ҳасанович дар ин ҳамоишҳо иштирок намуда, суханони ифтитоҳӣ намуданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби барандаҳо Оқилов Фозил-Директори МТИА Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидов Баҳодур, намояндаи АБАРОЛИ, аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуд.