СЕМИНАР

Санаи 23 июли соли 2020  дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баргузории силсиласеминарҳо бахшида ба мавзӯи » Низоми расидагии фаврӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокат» ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар семинари нахустин бо иштироки адвокатҳои минтақаҳои шаҳри Душанбе ва ШНТҶ Раиси Иттифоқи адвокатҳо Нуритдинов С. Ҳ. ширкат карда, сухани ифтитоҳӣ намуданд. Тренерҳо Соҳибназарова Малика ва Рустамов Суҳроб доир ба мавзӯъҳои » Низоми расидагии фаврӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои адвокат ва » Махзани электронии иттилоот» ба адвокатҳо тадрис гуфтанд. Дар ин чорабинӣ созгор омад, ки ба тариқи рамзӣ дар махзани электронии иттилоот аввалин муроҷиати хаттии адвокат Қ.Д.А.  аз болои муфаттиш А.М. вобаста ба пастзании шаъну шарафи касбии адвокат ба қайд гирифта шуда, барои баррасӣ ва додани хулоса ба Комиссияи ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳои назди ИА ҶТ ирсол гардид. Умедворем, ки бо роҳандозӣ гардидани ин низом муроҷиатҳои адвокатҳои ҷумҳурӣ бештар гашта, тавассути он эшон барои ҳимояи ҳуқуқҳои касбии худ талош хоҳанд варзид