ҲАМКОРИҲО

Санаи 03.07.2020 сол дар доираи барномаи муштараки Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон вобаста ба тақвият бахшидани иқтидори институтсионалӣ, кадрӣ ва молиявии Иттифоқи адвокатҳо барои ташкил кардани  Платформаи курсҳои такмили ихтисоси онлайнӣ барои адвокатҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ин ташкилоти байналмилалии бонуфуз ба Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо 10 адад нотбуки замонавӣ ройгон тақдим карда шуд.
Зимнан, маврид ба зикр аст, ки як моҳ қабл бо мақсади ташкил кардани Маркази тамос ( Кол сентр) оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо аз ҷониби ин ташкилот ба Иттифоқи адвокатҳо як адад нотбук ва дастгоҳи чопкунӣ ройгон дода шуда буд.