СЕМИНАР

Рӯзи 28 августи соли 2020 дар Маркази такмили ихтисоси назди Итттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзиши омӯзгорон (ТОТ) оид ба Платформаи курсҳои омӯзиши онлайнӣ барои омӯзгорони Маркази мазкур баргузор гардид.
Дар ин семинар мавзӯҳои зерин: маълумоти умумӣ оид ба Платформа (муайян кардани рамз ва ивази он, ворид шудан ба сайт, нақши шунаванда, муаллим ва шахси маъмур, тафсилоти гузаштани курсҳо, соатҳои онлайнӣ қарордоштаи шунаванда дар саҳифаи курс, методҳои хониши офлайнӣ, тест ва асосҳои роҳ ёфтан ба тест, давомнокии тест, холҳои гузариш, кӯшишҳои навбатӣ, пешниҳодҳо оид ба курсҳо, соҳиб шудани сертификат ҳангоми гузаштани тест), нақши омӯзгорон ва шахси маъмур (администратор) дар такмил ва танзими Платформа ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Платформаи мазкур аз ҷониби омӯзгорони Марказ ва мутахассисон Суҳроб Рустамов ва Сипаргис Алямов таҳти сарпарастии намояндаи Филиали Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон Саидов Баҳодур коркард ва омода карда шуда, дар ояндаи наздик расман мавриди баҳрабардории адвокатҳои мамлакат қарор дода хоҳад шуд. Дар назар аст, ки Платформаи мазкур барои баланд бардоштани савияи дониш, такмили ихтисоси адвокатҳо мусоидат карда, ба тариқи алтернативӣ ва саривақту бемайлон аз худ кардани соатҳои курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби онҳо солҳои сол хизмат хоҳад кард.