РУШДИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИТТИФОҚИ АДВОКАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои татбиқ намудани Консепсияи давлатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномаи ба имзо расида байни Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аз 10 маи соли 2019 то 30 январи соли 2020 Барномаи муштарак оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, баланд бардоштани иқтидор ва рушди институтсионалии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Дар доираи ин барнома нақшаи кории дақиқ оид ба роҳандозӣ намудани чорабиниҳо тайёр карда шуд. 
Дар ҳошияи он аз ҷониби омӯзгорони Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо  барои адвокатҳо модули таълимӣ дар мавзӯи ” Тақвияти малакаи пур кардани базаи маълумотҳои электронӣ ва масъалаҳои истеҳсолоти судии ҷиноятӣ” коркард карда шуд, ки он ба масъалаҳои зерин:
1. Қонунгузории муайянкунандаи тартиби мурофиаи судии ҷиноятӣ ва принсипҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ.
2. Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ: салоҳият, ваколат, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо.
3.Ваколатҳои ҳимоятгар, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқии касбӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ.
4. Ҳуқуқ ба ҳимоя : даъват, таъин намудан, иваз кардан, даст кашидан аз ҳимоятгар. Пардохти музди меҳнати ҳимоятгар.
5. Пур кардани базаи маълумотҳои электронӣ
6. Машғулиятҳои амалӣ бо ин мавзӯъҳо
бахшида шудааст.
Аз рӯи ин модули таълимӣ 6 семинар бо адвокатҳои шаҳри Душанбе, 4 семинар бо адвокатҳои вилояти Суғд, 3 семинар бо адвокатҳои вилояти Хатлон, 2 семинар бо адвокатҳои ШНТҶ гузаронида шуд, ки ин чорабиниҳо фарогири зиёда аз 400 адвокатҳо ва коромӯз адвокатҳо буданд.
Қобил ба зикр аст, ки дар ин семинарҳо ба сифати тренер омӯзгорони МТИА ва адвокатҳои минтақаҳо ҷалб карда шуданд, ки хушбахтона эшон тавонистанд дар сатҳи зарурӣ  аҳамият ва нозукиҳои ин мавзӯъро ба шунавандагон расонанд.
Иштироки дурӯзаи адвокатҳо дар ин семинарҳо ҳамчун соатҳои курсҳои такмили ихтисоси онҳо ба ҳисоб гирифта шуданд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби экспертони барнома лоиҳаи ” Стандартҳо оид ба сифати кори адвокатҳо, ки дар парвандаҳои ҷиноятӣ ёрии ҳуқуқии баландихтисоси дуюмдараҷа мерасонанд” коркард шуд. Муҳтавои ин лоиҳа аз бобҳои зерин:
1. Муқаррароти умумӣ 2. Асос ва тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ҷониби адвокатҳо тибқи стандартҳо 3. Ваколат, амалҳои ҳимоявӣ ва ӯҳдадориҳои адвокат, ки бо парвандаҳои ҷиноятӣ ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонад   4.Маҳдудиятҳо нисбати адвокат тибқи  низоми ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа 5. Ҷанбаҳои ахлоқии стандартҳои сифати расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа 6. Чораҳои интизомӣ 7. Кафолатҳои мустақилияти адвокатӣ тибқи стандартҳои сифати расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа 8. Муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад.
Вобаста ба муҳокимаи ин лоиҳа 3 мизи мудавар дар шаҳри Душанбе (бо ширкати намояндагони ҳамаи мақомотҳои дахлдори давлатӣ), минтақаҳои Суғд ва Хатлон бо иштироки 60 нафар адвокатҳо баргузор гардид.
Ҳамчунин, рӯйхати адвокатҳое, ки ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд, тартиб дода шуда, ба Муассисаи давлатии ” Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар баробари ин, лоиҳаи тартиби гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии сифати кори адвокат, ки бо парвандаҳои ҷиноятӣ ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд, коркард карда шуд.
Ҳамзамон, дар доираи ин барнома чорабиниҳо вобаста ба гузаронидани Анҷумани Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуданд.
Тибқи банди дахлдори ин барнома қарздории МД МРЁҲ дар назди адвокатҳои минтақаи Хатлон аз рӯи ҳисоботҳои қаблан пешниҳод кардаашон оиди иштирокашон бо парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи ройгон пардохт карда шуд.
Ғайр аз ин, дар ин раванд Сомонаи расмии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард ва фаъол гардонида шуд. То имрӯз дар варақаҳои ҷузъии ин сомона хабару гузориш ва матлаби гуногун вобаста ба адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ба нашр мерасад.
Дар ин росто, аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ба Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо 10 адад компютер бо мақсади ба роҳ мондани дарсҳои омӯзишии электронӣ тақдим карда шуд.
Дар итмоми матлаб, ба мутасаддиёни Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Сайдаҳмад Икромов, Замонов Зулфиқор, Мавлонова Азиза, директори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”–и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Нусратов, дигар кормандони ин муассиса, Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбек Нуритдинов, Аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо Саидов Баҳодур, омӯзгорони МТИА ва дигар омӯзгорони ҷалбшуда, раисони Мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои ҶТ дар вилояти Суғд Саидов Садриддин, дар вилояти Хатлон Алишер Ҳайдаров, дар ШНТҶ Маҳмудов Зафар ва дигар адвокатҳо, ки барои бомуфаққият анҷом ёфтани ин барнома дар амалӣ намудани чорабиниҳои зикргардида дар алоҳидагӣ мусоидат намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.
Умедворам, ки ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда тақвият ёфта, густариш меёбанд.
Бо эҳтиром,
Директори МТИА
Фозил Оқилов.