Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

Моддаи  1

Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:

1) занон;

2) ноболиғон;

3) мардони аз синни 55 боло;

4) маъюбони гурӯҳҳои I, II, III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;

5) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;

6) шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;

7) шаҳрвандони хориҷӣ.

Моддаи  2 

Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда, аз адои ҷазо озод карда шаванд. 

Моддаи 3 

Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд, агар:

1) нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад;

2) нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад;

3) онҳо ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд;

4) онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд;

5) онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум шуда бошанд;

6) онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ карда бошанд.

Моддаи  4 

Маҳкумшудагони зерин, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд:

1) маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудаанд;

2) маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд;

3) маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.

Моддаи 5 

Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад:

1) оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд;

2)нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд;

3) нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд;

4) нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд. 

Моддаи 6 

Муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо амали моддаҳои 1, 2, бандҳоисеюм ва шашуми моддаи 3, моддаҳои 4 ва 5  Қонуни мазкур татбиқ намегардад, кам карда шавад:

1) нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти беэҳтиётӣ ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст-аз ду як ҳисса;

2) нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст-аз ду як ҳисса;

3) нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст-аз се як ҳисса;

4) нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст-аз чор як ҳисса.

Моддаи  7 

Муқаррароти моддаҳои 5 ва 6 Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ карда намешаванд:

1) шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд;

2) шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 138, 139, қисми 2 моддаи 1421, моддаҳои 1431, 179, 1792, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201,моддаҳои  249, 262, 289, 305, 306, 307, 3071, 3072, 30733074, 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 401 ва 4011Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд;

3) шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;

4) маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;

5) нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд;

6) шахсоне, ки қаблан бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дарбораиавф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷазо ё аз адои боқимондаи ҷазо озод кардашуда ва боз ҷинояти қасдона содир намудаанд.

Моддаи  8 

1.Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 5 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, татбиқ карда намешаванд:

1) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961);

2) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисми 3 моддаи 110, моддаи 122, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 130, 1301, қисми 3 моддаи 131, моддаҳои 137, 1371, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 141, қисми 2 моддаи 142, қисми 2 моддаи 1421, моддаҳои 1431, 167, 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, 193, 194, 1941, 195, 196, 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4  моддаи 201, қисми 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисми 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, моддаи 206,қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, қисми 3 моддаи 237, моддаи 240, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисми 3 моддаи 252, моддаҳои 281, 286, 289, 305, 306, 307, 3071, 3072,3073, 3074, 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319, қисми 2 моддаи 320, моддаҳои 328, 329, 330, 331, 332, 335, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 3351, қисми 2 моддаи 3381, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаҳои 364, 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 373, 374, 375, 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998);

3) нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;

4) нисбати шахсоне, ки ҷазои қатли онҳо ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;

5) нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд;

6) нисбати шахсоне, ки ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд;

7) нисбати шахсоне, ки қаблан бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи авф”аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷазо ё аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шуда ва боз ҷинояти қасдона содир намудаанд;

8) нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд.

2.Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 5 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 1301, моддаҳои 138, 139, 1431, 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212,  моддаҳои 249, 262, 289, 305, 306, 307, 3071, 3072, 3073, 3074, 308, 309, 310, 313, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 330, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир намудаанд, инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд, татбиқ карда намешаванд.

3.Муқаррароти банди сеюми моддаи 3 ҳаминҚонун нисбати шахсоне, ки дар давраи адои ҷазоҷиноятсодир намудаанд, татбиқкарданамешавад. 

Моддаи  9 

Муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо амали моддаи 6  Қонуни мазкур татбиқ намегардад, кам карда шавад:

1) муҳлати адо нагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳоидар қисми 1 моддаи 104, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 138, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 139, моддаҳои 1792, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, моддаҳои  249, 3072, 3073, 3074, 308, 309 ва 310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбини гардида маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, як солӣ кам карда шавад;

2) муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 189, қисми 2 моддаи 307 ва қисми 2 моддаи 3071  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати зиёда аз 20 сол маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, чор солӣ кам карда шавад;

3) муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 307 ва қисми 2 моддаи 3071  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, се солӣ кам карда шавад. 

Моддаи 10 

1.Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқва тафтиши пешакӣба ҷавобгарии ҷиноятӣкашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар судҳо баррасӣ нагардидааст ё мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё аз ҷониби судҳо маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣмаҳкум шуда, барои адои минбаъдаи ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.

2.Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.

Моддаи 11

Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:

1)мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ-нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии ин мақомот қарор доранд;

2) судҳо:

а) нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо ба судҳо ворид гардидаанд, вале то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд ё баррасӣ гардидаанд, вале ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо накардааст;

б) нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбие, ки рафтори маҳкумшуда ва хизматчиёни ҳарбиро назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ва судҳои ҳарбӣ);

в) нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);

г) нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст);

3) муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;

б) нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷойи корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳамчун ҷазои асосӣ маҳкум карда шудаанд;

в) нисбати маҳкумшудагоне, ки ҳукми суд нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд;

г) нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;

4) фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ – нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки нисбаташон пешбурди таҳқиқ ё парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқи қисмҳои ҳарбӣ оғоз карда шудааст.

Моддаи 12 

1. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.

2. Қарор дар бораи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсе, ки дар кофтуков қарор дорад танҳо пас аз дастгир шудан ё ҳозир шуданаш ба мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва суд қабул карда мешавад.

3. Дар сурати нокифоя будани маълумоти зарурӣ баррасии масъалаи татбиқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба муҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.

Моддаи 13 

1. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо розигиипрокурори дахлдор татбиқ менамоянд.

2. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.

Моддаи 14 

1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:

1) бандҳои якум ва дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки онҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир карда бошанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 1301, моддаҳои 138, 139, моддаҳои 1431, 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 201, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 249, 262, 289, 305, 306, 307, 3071, 3072, 3073, 3074, 308, 309, 310, 313, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 330, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад, инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд, муқарраротибанди 6 моддаи 3 вабанди4моддаи 5 ҳаминҚонун татбиқ карда намешаванд.

2) амали банди дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки дар рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд;

3) амали банди сеюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки дар рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 расидаанд;

4)  банди чоруми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III дониста шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардида дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд;

6) таҳти амали банди панҷуми моддаи 1 Қонуни мазкур қарор мегиранд:

а) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон расман ба қайд гирифта шудаанд;

б) шахсони бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дида, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба гурӯҳи чунин шахсон дохил карда шудаанд;

2. Ҳангоми татбиқи моддаҳои 6 ва 9 ҳамин Қонун қисми муҳлати ҷазои адонагардидае кам карда мешавад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст.

Моддаи 15 

1. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯиҳукмҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.

2. Шахсоне, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯиҳукмҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо дар моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва қисми 2 моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 139, қисми 2 моддаи 1421, моддаҳои 1431, 179, 186, 187, қисми 3 моддаи 189, моддаҳои 262, 289, 305, 306, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319, моддаҳои 328, 329, 330, 401 ва 4011Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбини шуда бошад, муқаррароти моддаи 9 Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ карда намешавад.

3. Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ё маҳкум шудаанд, вале қисми мавод ва парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар пешбурди тафтишоти пешакӣ ё судӣ қарор доранд, масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати онҳо танҳо баъди қабул намуданиқарори ниҳоӣ аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ ё суд, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. 

Моддаи 16

Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.

Моддаи 17 

Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд. 

Моддаи 18 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти дахлдорвазифадоранд:

1) барои бо ҷои кор таъмин кардани шахсоне, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шуда, ба маҳаллизисташон баргаштаанд, чораҷӯӣ намоянд;

2) назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озод шударо ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд;

3) шахсони озод гардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бесаробонро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ҷойгир намоянд. 

Моддаи 19 

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озод шударо таъмин намуда, рафтори онҳоро таҳти мушоҳида ва назорат қарор диҳанд.

Моддаи 20 

1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми ду моҳ таъмин карда шавад.

2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир намудаанд, пас аз муҳлати пешбини намудаи қисми 1 ҳамин модда ба миён ояд, Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти дар моддаи 11 ҳаминҚонун пешбинишуда бо тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.

Моддаи 21 

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баъди ду моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Моддаи 22 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз сомонаи https://parlament.tj/ гирифта шудааст.