Ташабуси қонунгузорӣ

     Тибқи фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён аз 2 сентябри соли 2021 мутобиқи банди 7 Низомномаи Вазорати адияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои банди 14 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025 гуруҳи корӣ ҷиҳати таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти адвокатура ва фаъолияти адвокатҳо аз ҳисоби кормандони Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф бар уҳда доранд.
     Аз ҳамон лаҳза то инҷониб шаш ҷаласаи ин гуруҳи корӣ баргузор гардида, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти адвокатура ва фаъолияти адвокатҳо, тавсия ва пешниҳодҳои ирсолгашта мавриди таҳлил ва баррасии ҳаматарафа қарор гирифтанд. Интизор меравад, ки гуруҳи корӣ  минбаъд бо ҷалби мутахассисон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд санадҳои меъёри ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва пешниҳод менамояд, ки дар ояндаи наздик муаррифии онҳо бо ҷалб ва иштироки ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи дахлдор ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат хоҳад гирифт.