Меморандум оид ба ҳамкорӣ

     Санаи 1-уми феврали соли 2022 Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон Меморандум оид ба ҳамкориро имзо гузоштанд. Дар асоси он Иттифоқи адвокатҳо ҳамчун макони гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур баромад намуда, мувофиқи нақшаи таълимӣ барои донишҷӯён бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ҷой ҷудо мекунад. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар назар аст, ки 30 нафар донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифат дар Иттифоқи адвокатҳо ва ташкилотҳои адвокатии шаҳри Душанбе таҷрибаомӯзии худро гузаронанд.
     Ин чорабинӣ дар асоси нақшаи кории Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо бо мақсади баланд бардоштани иқтидор ва рушди институтсионалии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодааст, ки яке аз самтҳои асосии он ташаккули захираҳои инсониву кадрӣ дар Иттифоқи адвокатҳо ва зиёд кардани шумораи адвокатҳо дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.