Муаррифии Низоми расидагии фаврӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо ва Платформаи онлайн-омӯзиши курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳо.

Санаи 25-уми сентябри соли 2020 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов Саидбек Ҳасанович, роҳбарони ташкилотҳои адвокатии минтақаи шаҳри Душанбе, аъзоёни Комиссияи тахассусӣ ва Комиссияи ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо муаррифии Низоми расидагии фаврӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо, Платформаи онлайн-омӯзиши курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳо, Тартиби гузаштани аттестатсияи адвокатҳо ва Меморандум оид ба ҳамкории Иттифоқи адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба вуқуъ пайваст. Амалӣ намудани ин чорабиниҳо, ки барои устуворӣ ва рушди бемайлони институтсионалии Иттифоқи адвокатҳо ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидаанд, аз ҷониби иштирокдорон хуш пазируфта шуд.