Мизи мудаввар

Санаи 7-уми январи соли 2021 бо ибтикори Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату Кумитаҳо, Агентиҳо, Академияҳо,  Донишгоҳу Донишкадаҳо, Ташкилотҳои балналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ҳамоиш доир ба Мониторинги амалигардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ва мутобиқатии он ба стандартҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Қайд гардид, ки чорабинии мазкур баҳри иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои   солҳои 2017-2020, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст ва татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 роҳандозӣ карда шуда, дар он масъалаҳои кафолатҳои мустақилияти адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, таъмини ҳуқуқҳои дастгиршудагон, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда  ва адвокат дар мурофиаи судии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиёни ҳамоиш изҳори ақида намуданд, ки вобаста ба талаботи ҳаёт, амалия ва имконоти давлат ҷиҳати инкишофи ғояҳои конститутсионӣ, стандартҳои байналмилалӣ дар таъмини ёрии ҳуқуқии тахассусӣ ворид намудани тағироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии зикршуда ба мақсад мувофиқ мебошад.