ИТТИФОҚИ АДВОКАТҲО – ДАСТОВАРДҲО ВА МУШКИЛОТҲОИ РУШД

Асоси ислоҳоти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 апрели соли 2011 ташкил медиҳад, ки тибқи он Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 қабул карда шуд.

Дар Паёми Президенти кишвар бори аввал ба ниҳоди адвокатура таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зарурияти ислоҳоти он баён гардид. Қайд карда шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ин таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии касбӣ мебошад.

Дар Нақшаи чорабиниҳо оиди амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 пешбинӣ шуда буд, ки барои ноил шудан ба ин мақсад зарур аст низоми адвокатура таҷдиди назар карда шуда, дар навбати аввал бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура” таҳия ва дар таҳрири нав қабул карда шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти адвокатӣ бо  Қонуни  Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура” аз 04 ноябри соли 1995 ба танзим дароварда шуда буд.

22 июли соли 2003 баъд аз райъпурсии умумихалқӣ ба моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағирот ворид шуда,  калимаи “Қонуни Конститутсионӣ” ба калимаи “Қонун” иваз карда шуд.

18 марти соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ба имзо расонида  шуд, ки аз  27 марти соли 2015 мавриди амал қарор гирифт.

Воқеан, адвокатҳо ба қабул карда шудани чунин як қонун, ки адвокатҳоро муттаҳид ва фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар танзиму таҳким намояд, хеле ниёз доштанд.

Рӯзҳои 18-19 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе Анҷумани якуми адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар рӯзи якуми кории он аввалин маротиба дар таърихи адвокатураи тоҷик Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он ташкил карда шуданд. Дар ин Анҷуман баҳри рушди минбаъдаи адвокатура Раёсати Иттифоқи адвокатҳо интихоб гардида, Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо, Кодекси одоби касбии адвокатҳо ва як қатор хуҷҷатҳои муҳим қабул гардиданд.

Ҳамин тариқ, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар таърихи 11 декабри соли 2015 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Қайд намудан зарур аст, ки мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 35 Қонуни ҶТ Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии тайёрии касбӣ ва такмили донишҳои адвокат оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи қонунҳо адвокатҳо уҳдадоранд дар панҷ сол як маротиба тахассуси худро баланд бардоранд. Тибқи қисми 4 ҳамин модда бошад омадааст, ки  бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, Иттифоқи адвокатҳо метавонад Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ё курсҳои махсусро ташкил намояд.

 Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои зикршуда, Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, бо Қарорҳои худ,  аз санаи 10 июни соли 2016,  Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳоро таъсис дода, Низомномаи он ва Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокатро,  тасдиқ намуд.

Ҳамзамон,  барои ҷавобгӯ будан ба талаботҳои дахлдори соҳаи маориф, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо аз санаи 22.02.2019 сол таҳти № 0002705 Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба даст овард.

 Бо мақсади баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳо бо истифодаи технологияи таълимии ҳозиразамон,  Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.09.2020 сол шакли нави (алтернативии) таълим, такмили ихтисоси фосилавии онлайниро оғоз намуд, ки тибқи он баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯз-адвокат ва ёрдамчиёни адвокат тариқи фосилавӣ тавассути курсҳои Платформаи онлайн омӯзиш дар сомонаи takmil.tj  ба роҳ монда шуд.

Ба ғайр аз ҷанбаҳои мусбӣ, Қонуни ҶТ Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ аз паҳлуҳои манфӣ орӣ набуд, ки зимни татбиқи амалии қонуни мазкур боз  ҳам рӯшантар гардид.

Ҳарчанд зимни коркарди лоиҳаи Қонуни ҶТ Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ҷомеаи адвокатӣ чандин маротиба бо аъзоёни гурӯҳи корӣ дар масъалаҳои мустақилияти институтсионалии адвокатура, ҷанбаҳои ворид шудан ва хориҷ шудан ба касб ва вобаста ба дигар паҳлуҳои он пешниҳодҳои асоснок карда буданд, мутаассифона қисмати зиёди он, ба инобат гирифта нашуданд.

Ин боис гардид, ки аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ вобаста ба паҳлуҳои гуногуни қонун эродҳо гирифта шуд.

Ногуфта намонад, ки яке аз масъалаҳое, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ  ҷомеаи адвокатиро ба ташвиш овард, ин ба таври фаврӣ ва бо сабабҳои номаълум дар аввали моҳи ноябри соли 2015 қабул шудани қонун оиди ворид намудани  тағйиротҳо  ва санаи 23.11.2020 мавриди амал қарор гирифтани он буд.  Тағйиротҳои мазкур имтиёзеро, ки қабл дар қонун оиди  бе имтиҳони тахассусӣ гирифтани мақоми адвокат нисбат ба нафароне, ки собиқаи адвокатии 10 сола ва собиқаи ҳуқуқшиносии 15 сола дошта буданд, аз миён бардошта, ҳамаро вазифадор намуд, ки аз имтиҳони тахассусӣ гузаранд.  

Дигар тағйротҳои ин марҳила равона шуда буданд ба маҳдудиятҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат, ки дар ҳисобсоти мазкур муфассал дарҷ ва таҳлил карда мешаванд.

Тибқи стандартҳои байналмилалӣ барои 1000 нафар  аҳолӣ 1 нафар адвокат рост меояд, вале аз лаҳзаи қабули қонун то ин дам дар Иттифоқи адвокатҳо камтар аз 800 адвокат фаъолият менамояд, ки сабаби чунин шумораи кам ҳам бошад,  маҳдудиятҳои қонун ва механизми душворӣ ба касби адвокати роҳ ёфтан дониста мешавад. Ҳоло он ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ аз рӯи шумораи аҳолии Тоҷикистон на кам аз 9000 адвокат бояд фаъолият намоянд. 

Бо мақсади ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ, 02 июли  соли 2015, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар ҶТ тасдиқ шуд, ки Иттифоқи адвокатҳо яке аз субъектҳои фаъоли иҷрокунандаи ин консепсия баромад намуда, адвокатҳо дар расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба аҳолӣ, дар ду минтақаи пилотӣ,  вилояти Суғд ва вилояти Хатлон мусоидат намуданд.  

Ҳамзамон, дар заминаи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ, мутахассисони Иттифоқи адвокатҳо лоиҳаи Стандартҳои сифати кори адвокат ва тартиби мониторинг ва баҳодиҳии расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро коркард ва ба субъекти дахлдор пешниҳод намуданд.

Заминаи чунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар марҳилаи амалигардонии Консепсия буд, ки бо назардошти моделҳои санҷидашуда, Қонуни ҶТ Дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз 04.06.2020 қабул ва 07.07.2020 мавриди амал қарор дода шуд.

Бо назардошти қабули Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ  мушкилии пардохти музди меҳнати адвокатҳо вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи таъиноти мақомотҳо то андозае ҳал шудааст. Итминон дорем, ки масъалаи мазкур зина ба зина дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳаллу фасл мешавад.

Бо назардошти мушкилиҳои мавҷуда, тибқи ҳисоботи даври сеюм тавсияи №19 Нақшаи Истанбулии амал зидди коррупсия барои Тоҷикистон дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд пешбини шудаст, ки (Дар қонуни нави адвокатура кафолатҳои лозима барои таъмини мустақилияти адвокатҳо пешбини шавад).

Мутобиқи ҳисоботи даври чоруми тавсияи № 13 аз соли 2017, Нақшаи Истанбулии амал зидди коррупсия барои Тоҷикистон дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд пешбинӣ шудааст, ки  “Худидоракунии адвокатура таъмин карда шуда, Вазорати адлия аз ваколати аттестатсияи адвокатҳо маҳрум карда шавад”. 

Ҳамзамон тибқи Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо амри Президенти ҶТ аз 07 июни соли 2017 № АП-901  тасдиқ шудааст, дар банди 17- и он таъмини мустақилияти фаъолияти адвокатҳо пешбинӣ шуда, баргузории чорабинии мониторинги амалигардии  Қонуни ҶТ “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ва таҳлили  мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ лозим дониста шудааст. Ба сифати иҷрокунандаи ин банди чорабинӣ бошад, Иттифоқи адвокатҳо муваззаф  шудааст.

Гузоришгари махсуси СММ оид ба мустақилити  судяҳо ва адвокатҳо ҷаноби Леонардо Деспуи, ки соли 2005 бо даъвати расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, дар гузориши худ вобаста ба масъалаҳои фаъолияти авокатӣ, ёрии ҳуқуқӣ  ва идоракунии институти адвокатура ба Тоҷикистон тавсияҳои зеринро додааст:

  • мақомоти ягонаи худидоракунанда бо узвияти ҳатмии адвокатҳо, ки ваколати ҳалли ҳама масъалаҳои марбут ба касби адвокатиро,ба мисли роҳ ёфтан ба касби адвокатӣ, хориҷ кардан аз касб, дидани чораҳои интизомӣ, риоя намудани қоидаҳои одоби касбӣ ва такмили ихтисоси бетанаффусро дошта бошад, таъсис дода шавад. Ин мақом бояд аз ҳокимияти иҷроия мустақил бошад;
  • расонидани ёрии ҳуқуқии мустақил аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ кафолат дода шуда, дастрасии бемамонияти адвокат ба маводҳои парванда ва имконияти босамар пешниҳод намудани далел дар ҷараёни мурофиа аз ҷониби ӯ таъмин карда шавад.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар ҷаласаҳои 1633 ва 1636 аз 4 ва 7 майи соли 2018 ва дар ҷаласаҳои 1645 ва 1646 аз 14 майи соли 2018 вобаста ба маърӯзаи сеюми даврии Тоҷикистон  оиди  иҷроиши Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё пастзанандаи шаъну шарафи инсон ва ҷазо, оиди роҳ ёфтан ба адвокатҳои мустақил, дар эродҳои худ банди 19 мушкилиҳои тағйирот ба Қонуни ҶТ Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, кам шудани шумораи адвокатҳо, таъсири он ба дастрасии адвокатҳои мустақил ва кафолатҳои асосии ҳуқуқии  зидди шиканҷа ба шахсони аз озодӣ маҳрумшударо қайд намудааст. 

Ҳамин тариқ, бо назардошти ин ташвишҳо, Кумита дар банди 20 ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки: Давлати аъзоро зарур аст, ки бо мақсади мустаҳкам намудани мустақилияти комиссияи тахассусӣ аз Вазорати адлия, ба Қонуни ҶТ Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, тағйирот ва иловаҳо ворид карда шавад. 

Кумитаи Ҳуқуқи инсони СММ дар ҷаласаи 3612 худ аз санаи 18 июли 2019 сол, вобаста ба маърӯзаи сеюми даврии Тоҷикистон оиди  иҷроиши Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, вобаста ба роҳ ёфтан ба касби ҳуқуқшиносӣ дар банди 39,  чунин эродҳои хулосавӣ  гирифтааст: “Кумита бо ташвиш қайд менамояд, ки шумораи ками адвокатҳо  (таносуби 1:13000), алоқаманд аст ба ворид шудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” дар моҳи ноябри соли 2015, ки талаботҳои иловагии тахассусиро барои ворид шудан ба фаъолияти касбии адвокатӣ  ва талабот оиди супоридани имтиҳонҳои тахассусиро нисбат ба ҳамаи адвокатҳо пешбинӣ намуд.   

Дар банди 40 эродҳо бо назардошти Паймон ва Принсипҳои асосии СММ оид ба нақши ҳуқуқшиносон 1990 с, ба Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки:

а) шумораи адвокатҳои амалкунанда бо мақсади таъмини босамари дастрасӣ ба адолати судӣ ва ёрии мустақили ҳуқуқӣ зиёд карда шавад;

б) бо тартиби қонунгузорӣ ва дар амалия кафолатҳои ҳуқуқӣ муқаррар карда шаванд, ки мустақилияти пурра ва бехатарии адвокатҳо таъмин карда шавад, то онҳо тавонанд уҳдадориҳои қонунии худро бе ягон таъқиб, дахолати беасос ва ё тарс, таъқиби худсаронаи ҷиноятӣ,  маҳкумкунӣ ва ё дигар чораҳо иҷро намоянд.

Масъалаи дигаре, ки дар доираи мониторинги мазкур мавриди барраси қарор гирифт, ин таъмни ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва  судшаванда  ба ҳимоя, инчунин таъмини ҳуқуқ ва ваколатҳои адвокат мебошад.

Бо назардошти мушкилиҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, роҳ ёфтан ба парванда ва дигар паҳлуҳои фаъолияти адвокатӣ ва бо мақсади ошкор ва бартараф кардани он гуруҳҳои мақсаднок ва пурсишҳо доир карда шуданд, ки натиҷаи он ва тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар ҳисобот оварда мешавад.

Мутобиқи талаботи модди 19 Конститутсия ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Таъмини кафолатҳои зикршудаи конститутсионӣ маҳз ба воситаи мурофиаи ҷиноятӣ ва дигар қонунгузории мурофиаи соҳаи дахлдор амалӣ карда мешавад.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 тасдиқ карда шудааст. Консепсияи мазкур бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Бо мақсади татбиқи васеъи кафолатҳои зикршуда ва ҳамзамон ҷиҳати рушди қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ, мутобиқи банди 57 Консепсия сиёсатии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои як қатор корҳо зарур шуморида шудааст, ки сархатҳои ду ва  сеюми он чунин аст:

— инкишофи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ бар асоси ғояҳои конститутсионии мурофиаи ҷиноятӣ, стандартҳои муҳокимаи одилонаи судӣ, вобаста ба талаботи ҳаёт, амалия ва имконияти давлат бояд сурат гирад;

 — механизм ва тартиби мурофиавии иҷрои муқаррароти конститутсионӣ ва стандартҳои байналмилалии муҳокимаи одилонаи судӣ ҳаматарафа ва мукаммал таҳия ва амалӣ карда шавад (аз ҷумла, ёрии ҳуқуқӣ, гарав, ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парванда аз давраи муҳокимаи судӣ, тартиби баррасии судии шикоят аз қарори прокурор ё тартиби ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ намудани шикоят аз болои татбиқи ҳабси пешакӣ ва ғайра).

Қайд намудан ба маврид аст, ки барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 (минбаъд – Барнома) идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурки Тоҷикистон” аз 26 декабри соли 2018 асос ёфта, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд.

Дар банди 4 ин барнома омадааст, ки: ҷиҳати таъмини баррасии одилона ва холисонаи парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини ёрии ҳуқуқии тахассусӣ ба дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, такмили асосҳои қонунии додани иҷозат барои татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ва такмили меъёрҳои дигари мурофиавӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад.