ЁДРАС
Ҳамкасбони азиз,
Тибқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ:
Кисми 1: Барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии тайёрии касбӣ ва такмили донишҳои адвокат оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи қонунҳо адвокатҳо ӯҳдадоранд дар панҷ сол як маротиба тахассуси худро дар муассисаи таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ баланд бардошта, дар назди Комиссияи тахассусӣ аз аттестатсия гузаранд. Тартиби гузаронидани аттестатсияи адвокатҳоро Иттифоқи адвокатҳо муайян мекунад.
Қисми 4: Бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо Иттифоқи адвокатҳо метавонад Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ё курсҳои махсусро ташкил намояд.
Бо ҳамин мақсад Раёсати Иттифоқи адвокатҳо дар таърихи 10 июни соли 2016 Маркази такмили ихтисоси адвокатҳоро таъсис дода, Низомномаи он ва методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, кормӯзон ва ёрдамчиони адвокатро қабул намуд, ки тибқи он адвокатҳо ӯҳдадоранд дар давоми панҷ сол 80 соат ( дар як сол 16 соат) курсҳои такмили ихтисосро гузаранд.
(Ҳамзамон, тибқи моддаи 22, қисми 1, сархати 5 Қонуни соҳавӣ дар муҳлати зиёда аз панҷ сол нагузаштани курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос асос барои қатъ кардани мақоми адвокат мегардад).
22 феврали соли 2019 Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо соҳиби Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ гардида, бо қарори Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ҳамаи соатҳои курсҳои такмили гузаштаи адвокатҳо (иштирок дар семинарҳо, тренингҳо, конфронсҳо, дарсҳои Марказ ва ғайра), ки тибқи Барномаи таълимии Марказ ва ё лоиҳаи ташкилотҳои гуногун бо мувофиқаи Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо муштарак сурат гирифтаанд, шурӯъ аз 10 июни соли 2016 то инҷониб ва минбаъд ба инобат гирифта хоҳанд шуд. Бо мақсади осон кардани гузаштани курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳо Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо аз 1 октябри соли 2020 Платформаи онлайнии курсҳои такмили ихтисосро мавриди истифода қарор дод.
Яъне, адвокатҳо метавонанд дар Муассисаҳои таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ дошта ( Донишгоҳҳо, Донишкадаҳо, Академияҳо ва ғайра) ва Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тахассуси худро баланд бардошта, дар бораи гузаштани омӯзиш соҳиби шаҳодатнома ( сертификат) гарданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аз 10 феврали соли 2021 сар карда, тадриҷан, аз рӯи навбат аттестатсияи нахустини адвокатҳо дар назди Комиссияи тахассусӣ оғоз мегардад, ки дар ин бора чандин маротиб дар Сомонаи Иттифоқи адвокатҳо, гурӯҳҳои фейсбукӣ ва вайберии адвокатҳо маълумотҳо пешниҳод гардида, тартиби гузаштани аттестатсия ба самъи адвокатҳо (бо нишон додани ҳуҷҷатҳои қабулкардаи Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, рӯйхати адвокатҳо, номгӯи саволу ҷавобҳо ва ҳоказо) расонида шуд ва шуда истодааст.
Мутаассифона, як қисми адвокатҳо, ки соатҳои курсҳои такмили ихтисосро нагузаштаанд, ба Марказ шаҳодатномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятиро дар бораи гузаштани омӯзиш ҳамчун далели аз худ кардани соатҳои такмили ихтисос пешниҳод карда истодаанд, ки ин ташкилотҳо:
1. Муассисаи таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ нестанд,
2. муассисаи таълимии расман эътирофшуда нестанд
3. ва ин омӯзишҳоро бе мувофиқа бо Марказ доир кардаанд.
Мантиқан, бо ин асосҳои ҳуқӯқӣ ва қонунӣ Марказ наметавонад ин шаҳодатномаҳо ва соатҳоро ба ҳисоб гирад.
Бо назардошти ин омилҳо, аз адвокатҳо хоҳиш мекардам, ки ба хотири гузаштан аз аттестатсия тахассуси худро дар муассисаҳои таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ дошта ё Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо (курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳо дар Марказ ва минтақаҳо ба тариқи семинару тренингҳо ва ғайра ё тавассути Платформаи онлайнии курсҳои омӯзишии takmil.tj) баланд бардошта, соҳиби шаҳодатнома гарданд. Барои ин вақти кофӣ ва шароити мусоид мавҷуд аст.
Бо эҳтиром,
Директори Маркази такмили
ихтисоси адвокатҳо
Фозил Оқилов