Лоиҳаи ҳамкорӣ

19 феврали соли 2021 дар Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди амалисозии Лоиҳаи ” Устувор кардани иқтидори Иттифоқи адвокатҳои Чумҳурии Тоҷикистон ва ҳамгироӣ дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ”, ки аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон дастгирӣ меёбад, оғоз гардид.
Дар ин замина, 22-23 феврали соли 2021 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо бо иштироки 25 нафар адвокатҳои минтақаи шаҳри Душанбе семинар дар мавзуи ” Такмили ихтисоси адвокатҳо оид ба масъалаҳои пур кардани низоми “АДВОКАТ” ва мурофиаи судии ҷиноятӣ” баргузор гардид.
Иштирокдорон дар мавзуҳои:
1. Тартиби пешбурди мурофиаи судӣ- ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, принсипҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ, иштирокчиёни мурофиаи судӣ-ҷиноятӣ ва салоҳияти онҳо.
2. Таъмини ҳуқуқҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва адвокат тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқатии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва шарҳи модда ба моддаи он.
4. Пур кардани низоми “АДВОКАТ”
5. Машғулиятҳои амалӣ аз рӯи ҳар як сессия ва ғайра,
ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар доираи ин лоиҳа ҳамин гуна силсила семинарҳо дар шаҳри Душанбе, ШНТҶ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор карда шуда, дигар чорабиниҳои муҳим низ баҳри рушди Иттифоқи адвокатҳо дар самти таъмини ёрии ҳуқуқии саривақтӣ ва босифат ба мардуми ниёзманди кишвар пешбинӣ шудааст.