Вохӯри бо Коллегияи адвокатҳои “Фирдавсӣ”

Санаи 08-уми октябри соли 2020 дар Коллегияи адвокатҳои “Фирдавсӣ”- шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбек Нуритдинов ва аъзоёни Раёсати Иттифоқи адвокатҳо Саидов Баҳодур, директори Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо Оқилов Фозил бо аъзоёни ин коллегия баргузор гардид. Номбурдагон бо навбат ба иштирокчиёни ҳамоиш Низоми расидагии фаврӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо, Платформаи онлайн-омӯзиши курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳо, Тартиби гузаштани аттестатсияи адвокатҳоро, ки бо қарорҳои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо тасдиқ карда шудаанд, муаррифӣ намуда, мундариҷа ва аҳамияти ин санадҳо, масъалаҳои зарурӣ, ҳассос ва дардхӯри ниёзи адвокатҳоро вобаста ба ин ва дигар мавзуҳо ба самъашон расониданд. Минҷумла, зикр гардид, ки амалӣ намудани чорабиниҳои зарурии саривақтӣ тибқи ин ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида барои устуворӣ ва рушди бемайлони институтсионалии Иттифоқи адвокатҳо ва тақвият бахшидани фаъолияти босамари адвокатӣ мусоидат хоҳад кард. Иштирокдорон пас аз ошноӣ, аз ба тасвиб расидани санадҳо ва роҳандозӣ гардидани Низоми расидагии фаврӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо, Платформаи онлайн-омӯзишии курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳо хуш истиқбол гирифта, изҳори дастгирӣ ва ҳамкории худро ба ин иқдомҳои созанда намуданд.