Тарзи ба Платформаи онлайн омӯзиш дохил шудан
Салом ҳамкасбон. Лутфан ба саҳми Шумо маълумоти мухтасар оиди Платформаи онлайн омӯзиш расонида мешавад.
Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 35 Қонуни ҶТ Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии тайёрии касбӣ ва такмили донишҳои адвокат оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи қонунҳо адвокатҳо уҳдадоранд дар панҷ сол як маротиба тахассуси худро баланд бардоранд.
Тибқи қисми 4 ҳамин модда бошад бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, Иттифоқи адвокатҳо метавонад Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ё курсҳои махсусро ташкил намояд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои зикршуда, Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, бо Қарорҳои худ, аз санаи 10 июни соли 2016, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳоро таъсис дода, Низомномаи он ва Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокатро, тасдиқ намудааст. Ҳамзамон, барои ҷавобгӯ будан ба талаботҳои дахлдори соҳаи маориф, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо аз санаи 22.02.2019 сол таҳти № 0002705 Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба даст овардааст.
Дар асоси Методикаи тайёрии касбии адвокатҳо, ки дар заминаи санадҳои меъёрии соҳаи маориф тасдиқ шудааст, барои ҳар як адвокат уҳдадории дар панҷ сол як маротиба, яъне 80 соат гузаштан аз такмили ихтисос (баланд бардоштани такмили ихтисос) пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, тибқи Методикаи мазкур яке аз принсипҳои асосии баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокат, ин истифодаи технологияи таълимии ҳозиразамон мебошад.
Бо мақсади татбиқи меъёрҳои зикршуда ва баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳо бо истифодаи технологияи таълимии ҳозиразамон, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оғози шакли нави (алтернативии) таълим, такмили ихтисосӣ фосилавии онлайн хабар медиҳад.
Ҷиҳати заминаи ҳуқуқӣ бахшидан ба такмили ихтисоси онлайнӣ, Раёсати Иттифоқи адвокатҳо бо қарори худ аз 18.09.2020 сол ба Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокат, бандҳои нави 5.6 ва 5.7. ворид намуд, ки тибқи он, баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯз-адвокат ва ёрдамчиёни адвокат тариқи фосилавӣ тавассути курсҳои Платформаи онлайн омӯзиши Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо, дар сомонаи takmil.tj ба роҳ монда мешавад.
Шакли шаҳодатномаи тариқи фосилавӣ (онлайнӣ) аз худ кардани соатҳои такмили ихтисос аз ҷониби Раёсати Иттифоқи адвокатҳо санаи 18.09.2020 сол тасдиқ карда шудааст.
Курсҳои омӯзишии фосилавии Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо, Платформаи онлайн таълимие мебошад, ки ба ҳар як адвокат барои расидан ба ҳадафҳои рушди касбӣ ва такмили ихтисос, кӯмак мекунад.
Тавассути бақайдгирии инфиродӣ, ки дар дастур оид ба истифодабарии платформа муфассал нишон дода мешавад, адвокатҳо ба курсҳои мавҷудаи онлайн, ки аз ҷониби адвокатҳои соҳибтахассус-омӯзгорони Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо омода шудаанд, дастрасӣ пайдо мекунанд.
Ҳар як курс китоби дарсии интерактивие мебошад, ки муҳтавои он аз лексияи матнӣ, аудио, видео ва презентатсияҳо иборат мебошад. Бо мақсади дастрасии бештар ба иттилооти ҳуқуқӣ, ба курс санадҳои меъёрӣ ва дигар маводҳои муфид ҳамроҳ карда мешаванд.
Дар айни замон 8 курсҳои онлайнӣ омода гаштаанд, ки барои истифодаи ройгон ба Платформа ҷойгир карда шудаанд.
Дар ҳар як курси онлайн санҷиши ниҳоӣ пешниҳод карда мешавад, ки тибқи он ба шахсоне, ки омӯзишро анҷом дода миқдори холи даркориро мегиранд (аз 20 саволи санҷишӣ, ҷавоби дуруст додан ба 15 тои он, яъне аз 100 бал ба даст овардани 75), Платформа ба онҳо оиди гузаштани курси онлайн, шаҳодатнома (сертификат) пешниҳод менамояд. Дар баробари ин, Платформаи онлайн омӯзиш дар пойгоҳи худ (пойгоҳ оид ба ҳисоби соатҳои такмили ихтисос) оиди гузаштани курси онлайн аз ҷониби адвокат ва ба даст овардани соати лозимаи такмили ихтисос, иттилоотро ба тариқи автоматӣ сабт менамояд.
Адвокате, ки курси онлайнро аз худ менамояд ва аз санҷиш холи лозима ба даст меорад, ба ӯ 10 соат такмили ихтисос барои як курс ҳисоб карда мешавад.
Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо инчунин иттилоъ медиҳад, ки ин курсҳои онлайнӣ воқеан аввалин таҷрибаи ҷорӣ намудани технологияҳои мултимедиявии иттилоотӣ дар такмили ихтисоси адвокатҳо мебошад.
Бартарии курсҳои онлайнӣ:
- Дастрасӣ – ҳама курсҳои онлайни пешниҳодшуда ройгон мебошанд ва пас аз бақайдгирии оддӣ дар вебсайт, адвокат метавонад ба омӯзиш шурӯъ кунад;
- Саривақтӣ ва самаранокӣ – адвокат метавонад дар вақти дилхоҳ ва оид ба мавзӯи ба ӯ лозима, аз курси такмили ихтисос гузарад;
- Сифат – аз миқдори зиёди маълумот оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, мо беҳтарин курсҳои таълимиро, ки аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба омода шудаанд, пешниҳод менамоем;
- Гуногунӣ – курсҳои онлайни пешниҳодшуда, масъалаҳои мубрамро аз соҳаҳои мухталифи амалияи ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунанд;
- Имкони такмили ихтисос бидуни танаффус аз кор;
- Шаклҳои нави иртибот ва татбиқи усулҳои инноватсионии таълим – курси онлайни иборат аз маводи аудиои, видеоӣ, лексияҳои матнӣ, машқҳои амалӣ, барои дастрасии бештар, санадҳои меъёрӣ ва адабиёти иловагӣ дар доираи ҳар як курс ҷойгир карда шудаанд;
- Қуллай- аз худ кардани маводи курсҳои онлайнӣ аз компютер, планшет ё телефони мобилӣ дар вақти дилхоҳ, дар ҷое, ки дастрасӣ ба Интернет мавҷуд аст, имконпазир аст.
Сомонаи платформаи онлайн омӯзиш: takmil.tj
Тартиби ворид шудан ба Платформа :
номи корбар: UOA рақами шаҳодатномаи адвокатӣ.
ниҳонвожа: Adv-11122015
пас аз ворид шудан ба Платформа, адвокат рамзи худро тағйир дода , минбаъд тавассути он ворид мешавад.
Бо эҳтиром : Раиси Иттифоқи адвокатҳо.