Тағйироту иловаҳо ба қонун
Ҳамкасбони гиромӣ!
Тавре ки қаблан ишора намуда будем, аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумат ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 пешниҳодҳо ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуну кодексҳо ирсол карда шуда буд.
Имрӯз 16.12.2020 сол вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, як қатор пешниҳодҳоро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Аз он ҷумла, ба сархати 1 қисми 2 моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” тағйироти зерин ворид карда шудааст : калимаҳои “ ё иҷозатномаи пешбурди фаъолияти адвокатӣ” ба калимаҳои “ ва шаҳодатномаи адвокатӣ” иваз карда мешавад, яъне ба адвокат ҷиҳати мулоқот намудан бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ иҷозат дода мешавад.
Ба ғайр аз ин, ба 31 банди қонуну кодексҳо вобаста ба фаъолияти адвокатӣ аз он ҷумла ба моддаҳои 49, 53 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда мешавад.
Умедвор ҳастем, ки қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Бо эҳтиром : Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов Саидбек Ҳасанович
Маълумоти муфассал дар сомонаи зерин: https://parlament.tj/news/679-ba-onuni-um-urii-to-ikiston-dar-borai-tartib-va-sharoiti-dar-abs-nigo-doshtani-gumonbarshuda-ajbdorshavanda-va-sudshavanda-ta-jirot-vorid-karda-shud-