Шиносоӣ бо касби адвокат
Рӯзҳои 14 ва 15 марти соли 2022, дар доираи сессияҳои омӯзишӣ, вохӯрии намояндагони Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сарварии раиси он, Нуритдинов Саидбек Ҳасанович бо донишҷӯ-духтарони факултаҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Славянии Россия Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниҳои мазкур дар асоси Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ имзошудаи Иттифоқи адвокатҳо бо ин донишгоҳҳо, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва Барномаи миллӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозӣ карда шуданд.
Дар ин чорабинии омӯзишӣ Раиси Иттифоқи адвокатҳои ҶТ Нуритдинов С.Ҳ., узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-адвокатҳо Отабоева Мадина, Ёрова Зайнура ва Зебунисо Шарипова дар бораи аҳамият, нақш ва хусусиятҳои касби адвокат, ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои адвокат, фарқи касби адвокат аз ҳуқуқшинос, тарафҳои мусбии касби адвокат, нақши занон дар адвокатура, асосҳои фаъолияти адвокатӣ ва адвокатура, қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ, институти адвокатура ва воридшавӣ ба касби адвокат, сохтори Иттифоқи адвокатҳо ва намудҳои фаъолияти адвокатӣ, ба даст овардани мақоми адвокатӣ, барномаи коромӯзӣ, этикаи касбӣ, сирри адвокатӣ, кафолати соҳибихтиёри фаъолияти адвокатӣ, имкониятҳои адвокатура дар самти рушди касбии адвокатҳо ва ғайра ба донишҷӯ-духтарон маълумот доданд.
Бо назардошти дар сатҳи олӣ баргузор шудани ин вохӯриҳо ва умедвориҳои зиёд барои оянда, Иттифоқи адвокатҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни ин ду боргоҳи илму маърифат: ДДТТ ва ДСРТ изҳори миннатдорӣ менамояд.