Ҳамкориҳои судманд

     Санаи 2-уми феврали соли 2022 миёни Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахсияти раиси он, Нуритдинов Саидбек Ҳасанович ва Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахсияти директори он, Нусратиён Лоиқ Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
     Мақсади меморандуми мазкур мусоидат намудан ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ва саҳм гузоштан оид ба фароҳам овардани шароит вобаста ба амалишавии ҳуқуқи шахсони воқеӣ оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии ҳуқуқӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ намудаанд, ташаккул ва рушди низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ, таъмини ёрии ҳуқуқии баландихтисоси ҳуқуқӣ, дастрас будани он барои аҳолӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини кафолати конститутсионӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқии  дуюмдараҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароит фароҳам овардан ҷиҳати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин таъмини дастрасии онҳо ба адолати судӣ, мебошад.
     Ҷонибҳо дар доираи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои дахлдори танзимкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи тарафҳо, дар самтҳои зерин ҳамкорӣ хоҳанд кард:
   – баргузор намудани чорабиниҳои якҷоя ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, мақоми ҳуқуқшиносони давлатӣ ва  адвокатҳо;
    – мусоидат дар инкишофи касбии кормандони МД МЁҲ ва Иттифоқи  адвокатҳо ба воситаи ташкил намудани чорабиниҳои якҷоя, семинарҳо, тренингҳо, мизҳои мудаввар, конфронс ва  сафарҳои омӯзишӣ;
    – ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои таҳлил  ва татбиқи амалии қонунгузорӣ ва дар ин замина таҳия намудани тавсия ва хулосаҳои қонунгузорӣ. 
  – ҳамкорӣ дар доираи Механизми ҳамкории МДМЁҲ бо Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он оид ба ҳамоҳангсозӣ, мубодилаи рӯйхати адвокатҳое, ки дар расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон иштирок менамоянд ва таъмини сифати ёрии ҳуқуқии расонидашаванда
    – ҳамкорӣ дар доираи Тартиби мувофиқашуда ва тавзеҳи расмӣ оид ба гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо ва мақомотҳои минтақавии он, таъмини механизми иштироки Муассисаи давлатии  Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар кори комиссияҳои интизомӣ ва тартиби муроҷиати он ба комиссияи интизомӣ дар доираи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа.
  – баргузории вохӯриҳои мунтазам ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои мубрами Маркази ёрии ҳуқуқӣ, адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ва дар ин замина омода намудани тавсияҳо.