СЕМИНАР ДАР МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ АДВОКАТҲОИ НАЗДИ ИТТИФОҚИ АДВОКАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 16.10.2019 сол дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо семинар дар мавзуи ” Тақвияти малакаи пур кардани базаи маълумотҳои электрони ва масъалаҳои истеҳсолоти судии ҷиноятӣ” бо иштироки 25 нафар адвокатҳои минтақаи шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд. Ин чорабини дар хошияи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст. Аз ҷараён ва натиҷаҳои семинари мазкур ба тариқи иловагӣ хабар хоҳем дод.