ИДОМАИ СИЛСИЛАСЕМИНАРҲО ДАР МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ АДВОКАТҲО

18-19 октябри соли 2019 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо семинари навбати дар мавзуи “Тақвияти малакаи пур кардани базаи электронии маълумотҳо ва масъалаҳои истеҳсолоти судии мурофиави” баргузор мегардад, ки дар кори он 25 нафар адвокатҳо аз ташкилотҳои дигари адвокатии минтақаи шаҳри Душанбе иштирок хоҳанд кард. Дар чорабинии мазкур Раиси Иттифоқи адвокатҳо Нуритдинов Саидбек Ҳасанович ва дигар шахсони расми суханрони намуда, оиди аҳамияти муҳидараҷа доштани семинари мазкур зикр намуданд. Бори дигар қайд менамоем, ки ин чорабиниҳо зимни карордоди бастаи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар ҳошияи лоиҳаи ҳамкори оид ба амали намудани Консепсияи давлати дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон доир гардида истодааст. Аз руи нақшаи тасдиқшуда дар моҳҳои октябр-ноябри соли ҷори 15 семинари монанд дар ҳамаи манотиқи ҷумҳури гузаронида мешавад, ки 300 адвокат барои омузиши мавзуи зикргардида фаро гирифта хоҳанд шуд. Ғайр аз ин, то охири сол баргузории 3 мизи мудаввар  дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон вобаста ба коркарди стандартҳои сифати расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба нақша гирифта шудааст. Умед дорем, ки ин чорабиниҳо дар такмили ихтисоси адвокатҳо саҳми арзанда гузошта, дар азонихудкунии базаи электоронии маълумотҳои “Системаи адвокат” аз ҷониби онҳо хизмат хоҳанд кард.