СЕМИНАР

      Санаи 29-уми октябри соли 2020 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо зимни ҳамкориҳои мутақобилан судманди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” семинар дар мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки адвокатҳои минтақаи шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов Саидбек Ҳасанович иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин мизи мудаввар қонунгузории танзимкунанда, амалия ва мушкилотҳои ҷойдошта дар самти ҳуқуқи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифтанд. Дар охир ба иштирокдорони семинар сертификатҳо супорида шуд.
    Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш бо ибтикори ташкилоти мазкур чунин чорабинӣ бо адвокатҳои минтақаи Хатлон низ доир гардида, дар ояндаи наздик ҳамин гуна ҳамоишҳои омӯзишӣ бо адвокатҳо дар дигар минтақаҳо низ гузаронида хоҳанд шуд.