СЕМИНАР
Санаи 4-уми октябри соли 2022 бо дастгирии Намояндаи Комиссари Олии СММ дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон Шоев Суҳроб, дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адвокатҳои минтақаҳои шаҳри Душанбе ва ШНТҶ ба семинари дурӯза, дар мавзӯи ” Ҳуқуқи дастрасӣ ба манзили муносиб ва Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 2022″ ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар ин семинар ба иштирокчиён вобаста ба мавзӯи зикршуда намояндагони ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Давлатова Шоира ва Шарипов Абдураҳмон дарс хоҳанд гуфт.
– Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқ ба манзили муносиб: стандартҳои байналмилалӣ;
– Ҳимояи ҳуқуқҳои манзил ҳангоми амалӣ намудани Нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо;
– Кафолатҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои манзили муносиб;
– Механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон: Тартиби таҳия ва пешниҳоди шикоятҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон;
– Навгониҳои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳуқуқу уҳдадориҳои молики манзили истиқоматӣ ва аъзои оилаи ӯ;
– Навгониҳои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи баррасии баҳсҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ба манзили муносиб ва ҷуброни зарар;
– Навгониҳои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон: додани манзили истиқоматӣ ва истифодаи он тибқи шартномаҳои кирояи иҷтимоӣ, тавъам бо корҳои амалӣ аз зермавзуҳое буданд, ки дар давоми ду рӯз, дар МТИА, бо иштироки фаъолонаи адвокатҳо, зимни баргузории семинар дар мавзӯи ” Ҳуқуқи дастрасӣ ба манзили муносиб ва Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 2022″ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Намояндаи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамин гуна семинар дар рӯзҳои наздик бо ширкати адвокатҳои минтақаҳои Суғд ва Хатлон баргузор карда хоҳад шуд.