СЕМИНАР

18-19 октябри соли 2019 курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳои минтақаи шаҳри Душанбе (25 нафари дигар) дар мавзуи “Тақвияти малакаи пур кардани базаи электронии маълумотҳо ва масъалаҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ” идома ёфт. Дар он мавзуҳои зерин:
” -Қонунгузории муайянкунандаи тартиби мурофиаи судии ҷиноятӣ ва принсипҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ.
– Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ: салоҳият, ваколат, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо.
-Ваколатҳои ҳимоятгар, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқии касби бо парвандаҳои ҷиноятӣ.
– Ҳуқуқ ба ҳимоя: даъват, таъин намудан, иваз кардан, даст кашидан аз ҳимоятгар. Пардохти музди  меҳнати ҳимоятгар”-
бо гузаронидани машғулиятҳои амали мавриди барраси қарор гирифтанд.
Дар ин раванд, кор дар гуруҳҳоро, ки шавқовару дилписанди иштирокдорон  сурат гирифтанд, метавон махсус қайд намуд.