Расмиёти маъмури дар Чумхурии Точикистон
Имруз дар Маркази такмили ихтисоси адвокатхо семинар-тренинг дар мавзуи “Расмиёти маъмури дар Чумхурии Точикистон” бо иштироки 20 нафар адвокатхои шахри Душанбе ба кори худ огоз намуд. Чорабинии мазкур бо ибтикор ва дастгирии Чамъияти Олмони оид ба хамкорихои байналмилали дар хошияи хамкорихои дучониба бо Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон баргузор гардида истодааст. Ба адвокатхо вобаста ба ин мавзуъ Станислав Линкевич- Раиси суди байнинохиявии шахри Резекнеи Чумхурии Латвия, Эксперти Барномаи “Дастгирии давлатдории хукуки дар давлатхои Осиёи Миёна”- Чамъияти Олмони оид ба хамкорихои байналмилали, Иноят Иноятов-узви Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон”, эксперти барномаи мазкур, Абдуразок Алимардонов-Хамохангсози миллии ин барнома дар Точикистон дарс хоханд гуфт. Дар бораи чузъиёти чорабинии мазкур ба тарики иловаги гузориш хохем дод.