Курсхои такмили ихтисоси адвокатхо

Имруз дар истирохатгохи “Акваклуб”- шахри Норак тренинги дуруза бо адвокатхои шахри Душанбе дар доираи курсхои такмили ихтисоси адвокатхо ба итмом расид. Дар ин муддат (26-27 июл) 25 нафар адвокатхо оид ба мавзуи “Стандартхои байналмилали ва миллии хукуки дастраси ба мурофиаи судии адолатнок” аз экспертон Нигина Бахриева ва Наврузшох Назаров дарс гирифтанд. Дастраси ба адолати суди, мустакилияти низоми суди ва суд, холиси ва салохиятнокии онхо, ошкоро будани мурофиаи суди, эхтимолияти бегунохи, стандартхои адолати судии чинои, хукук ба шикоят, адолати суди нисбати ноболигон, кувваи бозгашти конун, хукук ба товони зарар ва гайра аз масъалахое буданд, ки дар ин ду руз мавриди мухокима ва барраси карор гирифтанд. 

Маркази такмили ихтисоси адвокатхо ба Намояндаи Комиссари олии СММ оид ба хукуки инсон дар Точикистон Сухроб Шоев барои ташкил намудани чунин чорабинихои судманди илмиву фарогати ба адвокатхо дар хама манотики чумхури изхори миннатдори менамояд.