Конференсия

  Имрӯз, дар асоси банди 30 Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, дар шаҳри Душанбе, бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, доираҳои академӣ-илмӣ, ҷомеи шаҳрвандӣ ва Иттифоқи адвокатҳо, Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар  мавзуи “Фаъолияти адвокатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида,  мавзуҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуданд:

  1. Заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатура: дастовардҳо, мушкилотҳо ва дурнамои рушди Иттифоқи адвокатҳо; Қонунгузории адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, рушди он таҳти сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон;
  2. Заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии такмили ихтисос ва аттестатсияи адвокатҳо: Такмили ихтисос ҳамчун заминаи пойдории адвокатура ва таъмини кафолати давлатии ёрии ҳуқуқии босифат; Имкониятҳои такмили ихтисоси фосилавии Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо;
  3. Нақши адвокатура дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа: Заминаҳои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ҷониби адвокатҳо ва ҳамкории Муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ бо Иттифоқи адвокатҳо; Назорати сифати кори адвокатҳо.
  4. Заминаҳои ҳуқуқии иштироки адвокат зимни мурофиаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ: Адвокат ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ.
  5. Заминаҳои ҳуқуқии ислоҳоти минбаъдаи адвокатураи Тоҷикистон: тавсияҳои СММ, зерсохторҳои он ва барномаи давлатии ислоҳоти адвокатураи Тоҷикистон; лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”.