Анҷумани 4-уми Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Санаи 3 сентябри соли 2022, Анҷумани навбатии 4-ми адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он ба тариқи онлайнӣ вакилон аз мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилоятҳои Хатлон, Сӯғд, ВМКБ, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар анҷумани мазкур дар умум 11 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳар яки онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аз ҷумла, аз ҷониби вакилон як нафар аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, панҷ нафар аъзоён ба Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор нафар аъзоён ба Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо, раиси Комиссияи интизомӣ, аъзоён ба Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо, раиси Комиссияи ревизионӣ интихоб гардида, сметаи хароҷотии Иттифоқи адвокатҳо то анҷумани навбатӣ тасдиқ карда шуда, дигар масъалаҳои муҳим мавриди муҳокима қарор гирифтанд.