Ҷаласаи онлайнӣ
Санаи 29-уми октябри соли 2020 бо тадорукоти Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) -Оҷонсии СММ оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи пӯшидашавии USAID «Шаъну шараф ва ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ” тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он дар қатори 40 ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуд.
Лоиҳаи USAID «Шаъну шараф ва ҳуқуқ» дар Осиёи Марказӣ (октябри 2015 – сентябри 2020) дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон) амалӣ карда шуд. Ҳадафи умумии ин лоиҳаи минтақавӣ пешрафти ҳуқуқ ва шаъну шараф дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин масъалаи сиёсати давлатӣ ва фарҳанги шаҳрвандӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи дониши шаҳрвандон ва дастгирии меъёрҳои ҳуқуқи инсон, такмил додани системаҳои дастгирӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳо ва хидмат ба шахсоне, ки ҳуқуқашон поймол шудааст ва такмили заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон равона карда шудааст.
Дар ин ҳамоиш, дар навбати худ аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, Директори МТИА Фозил Оқилов суханронӣ намуда, оиди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СБМ дар доираи ин лоиҳа зикру андешаронӣ кард.