Форуми шашуми миллӣ оид ба масъалаҳои волоияти Қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Санаи 5-уми ноябри соли 2020 бо ибтикори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми шашуми миллӣ оид ба масъалаҳои волоияти Қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов Саидбек Ҳасанович ва директори МТИА Оқилов Ф.О. иштирок ва суханронӣ намуданд.
     Форуми мазкур ба масъалаҳои зерин:
1. Ислоҳоти низоми судӣ. Ҳадафи 16 ҳадафҳои рушди устувор.
2. Дастрасии ёрии ҳуқуқии ройгон: дастовардҳо, мушкилот ва роҳи ҳалли он.
3. Пешбурди ҳуқуқҳои шахсони маъёбиятдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда
бахшида шуда буд.
     Нуритдинов С.Ҳ. ва  Оқилов Ф.О. вобаста ба масъалаи дуюм муҳокимаронӣ намуда, вобаста ба нақши Иттифоқи адвокатҳо дар низоми ёрии ҳуқуқии ройгон, ҳамкориҳо, чорабиниҳои амаликардаи ниҳод дар ин самт, ворид намудани таъироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, таъмини сифати баланди ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолии кишвар ва ғайра баромад намуданд.
      Дар ҷаласаи пленарӣ аз натиҷаи кори гурӯҳҳо вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои мубрам тавсияҳои дахлдор қабул карда шуда, дар эъломияи Форум эълон карда шуданд.