Ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 18-уми сентябри соли 2020 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст Раиси Раёсат Нуритдинов Саидбек Ҳасанович ҳамаи адвокатҳои ҷумҳуриро ба муносибати 5-умин солгарди таъсисёбии Иттифоқи адвокатҳо табрику таҳният гуфтанд.
Сипас. аз рӯи барнома лоиҳаи Тартиби гузаронидани аттестатсияи адвокатҳо бори дигар мавриди муҳокимаи аъзоёни Раёсат қарор гирифта, тасдиқ гардид.
Ғайр аз, ин бо қарори Раёсат ба Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокат вобаста ба баланд бардоштани такмили ихтисоси номбурдагон, тариқи фосилавӣ тавассути курсҳои Платформаи онлайн-омӯзиши Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо, дар сомонаи takmil.tj ва тасдиқ кардани шакли шаҳодатномаи тариқи онлайн аз худ кардани соатҳои такмили ихтисос аз ҷониби Раёсати ИА, илова ворид карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки таҳияи ин ҳуҷҷатҳо ва татбиқи ин чорабиниҳо аз ҷониби омӯзгорони МТИА ва кормандони дастгоҳи марказии Иттифоқи адвокатҳо ба амал бароварда шуда, барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми ниҳоди адвокатура ва минбаъд осону муназзам гардонидани фаъолияти адвокатӣ равона гардидааст.