Иҷозатнома дар бораи фаъолияти таълимӣ
Дар Анҷумани навбатии панҷуми Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 18-19 сентябри соли 2023 баргузор гардид, Консепсияи рушди устувори Иттифоқи адвокатҳо барои солҳои 2023-2030 қабул гардид, ки он ҳашт самти муҳим ва тақдирсози рушду ташаккули адвокатураро, ки ба ислоҳотҳои ҷадиду созанда ниёз доранд, дар дурнамои наздик пешбинӣ менамояд. Яке аз ин самтҳо ба ислоҳоти тадриҷӣ ва рушди бемайлони Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо бахшида шудааст.
Дар асоси Моддаи 35-И Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ:
- Барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии тайёрии касбӣ ва такмили донишҳои адвокат оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи қонунҳо адвокатҳо уҳдадоранд дар панҷ сол як маротиба тахассуси худро баланд бардошта, дар назди Комиссияи тахассусӣ аз аттестатсия гузаранд. Тартиби бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи адвокатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 №1237, аз 03.01.12024 №2023).
- Муассисаи таълимие, ки такмили ихтисоси адвокатҳоро амалӣ менамояд, аз ҷониби адвокат мустақилона интихоб карда мешавад.
- Бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, Иттифоқи адвокатҳо метавонад Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ё курсҳои махсусро ташкил намояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2023).
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои зикршуда Раёсати Иттифоқи адвокатҳо бо Қарорҳои худ аз санаи 10 июни соли 2016 Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳоро таъсис дода, Низомномаи он ва Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокатро тасдиқ намуд. 22 феврали соли 2019 Маркази мазкур Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимиро, ба муҳлати амали панҷ сол, ба даст овард. Аз лаҳзаи таъсисёбӣ бо мақсади бозомӯзӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳо Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои мунтазами кутоҳмуддати омӯзишӣ ва аз 18.09.2020 сол бо истифодаи технологияи таълимии ҳозиразамон шакли нави (алтернативии) таълим, такмили ихтисоси фосилавии онлайниро оғоз намуд, ки тибқи он баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳо тариқи фосилавӣ тавассути курсҳои Платформаи онлайн омӯзиш дар сомонаи takmil.tj ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа аз соли 2021 то инҷониб зиёда аз 600 адвокат, ки соатҳои курсҳои такмили ихтисос (80 соат дар панҷ сол)-ро аз худ намуданд, бомуввафақият аз аттестатсия гузашта, фаъолияти худро идома дода истодаанд.
Тазаккур бояд дод, ки 03.01.2024 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ тағиротҳо ворид карда шуд, ки онҳо ба масъалаҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи адвокатҳо, боздоштан ва қатъ кардани мақоми адвокат, коромӯз адвокатҳо ва ғайра дахл доранд. Тибқи ин тағиротҳо тартиби бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи адвокатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Тартиби бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи адвокатҳоро таҳия намуд, ки айни ҳол мавриди баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда минбаъд низ назорати тайёрии касбии адвокатҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо аз ҷониби Итттифоқи адвокатҳо ба роҳ монда шуда, нақши Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо дар ин раванд калидӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ, бо тадорукот ва дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳод намудаи Иттифоқи адвокатҳо 12 июни соли 2024 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шуда, ба муҳлати амали номаҳдуд тамдид карда шуд. Ин рӯйдоди бориз ва муассир имкон медиҳад, ки раванди бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо бо гузаронидани ислоҳотҳои ҷадиди заруриву саривақтӣ рушду такомул ёбад ва Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо минбаъд низ дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии адвокатҳо саҳми арзанда дошта бошад.
Бинобар он, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи адвокатҳои ҷумҳуриро барои ноил шудан ба ин дастоварди арзанда шодбош гуфта, эълон медорад, ки ҳамаи ислоҳотҳову чорабиниҳои пешбинишуда дар ин марҳила, зимни Консепсияи рушди устувор, маҳз барои рушди устувору бемайлони адвокатураи тоҷик ва фаъолияти адвокатӣ равона карда хоҳанд шуд.