Ҳамкориҳо

Тибқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Лоиҳаи “Пурқувват кардани иқтидори Иттифоқи адвокатҳо ва ҳамгироӣ дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ” (ройгон) дар шаҳри Хуҷанд ба баргузории силсилачорабиниҳо (семинарҳо-курсҳои такмили ихтисос ва мизҳои мудаввар), ки фарогири 90 нафар адвокатҳо хоҳад буд, ҳусни оғоз бахшида шуд. Адвокатҳои минтақаи Суғд аз ибтикороти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, доир кардани ин гуна ҳамоишҳоро дастгирии рушди ниҳоди адвокатура дар ом ва фаъолияти касбияшон дар хос унвон карда, ба сарпарасти ин Лоиҳа Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуданд.