ЭЪЛОН

Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2019 фаъолияти таълимӣ пеш мебарад, ба маълумоти ҳамаи адвокатҳое, ки соатҳои омӯзиши курсҳои такмили ихтисосро ( дар ҳачми на камтар аз 16 соат дар як сол ё ин ки на камтар аз 80 соат дар ҳар як панҷ сол) нагузаштаанд, ё ки пурра аз бар накардаанд, мерасонад, ки шурӯъ аз рӯзи 18 декабри соли ҷорӣ, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ( аз соати 13 то 18) ва шанбе ( аз соати 8 то 13) машғулиятҳои омӯзишии офлайнӣ ва онлайнӣ ( бинобар дар толори Марказ таҷҳиз будани 15 адад компютеру нотбук ва интернети ройгон) ташкил менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи мо:
Шаҳри Душанбе, кучаи Н. Қарабоев 65, ошёнаи 3, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақтҳои муқарраршуда ташриф биёранд.