Эълон

Ҳамкасбони азиз,
Эҳтироми худро ба ҳар яки Шумо изҳор намуда, ба маълумотатон мерасонам, ки бо тадорукоти ТҶ » Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» (шарики рушди ИА) ва дастгирии сохтори » СММ-Занҳо» силсила тренингҳо оид ба пурзӯр намудани ҳимояи ҳуқуқии қурбониёни хушунати хонаводагӣ бо мақсади мусоидат намудан ба ташкили низоми муосири ҳифзи қурбониёни он дар Тоҷикистон бо роҳи беҳтар намудани дастрасии онҳо ба кӯмаки ҳуқуқӣ оғоз карда мешаванд.
Тренинги аввал дар мавзуи » Истифодаи механизмҳои байналмилалӣ барои ҳимояи ҳуқуқии қурбониёни зӯроварии ҷинсӣ. Тайёр кардани шикоятҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба рафъи ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон» рӯзҳои 16-18 декабри соли 2020 аз соати 9-00 то 12-00 дар суроғаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Айнӣ, меҳмонхонаи Хилтон баргузор мегардад.
Тренинги мазкур аз ҷониби эксперти байналмилалӣ Анастасия Миллер гузаронида мешавад.
ТАЛАБОТҲО БАРОИ ИШТИРОК:
1. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ.
2. Таҷрибаи корӣ дар самти ҳуқуқшинос/адвокат на камтар аз се сол.
3. Пас аз омӯзиш идома додани ҳамкорӣ дар самти расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии ҷинсӣ: Бо иштирокчиён шартномаи хурд барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии гендерӣ ва иштирок дар баррасии парвандаҳо дар мақомоти давлатӣ, судҳо, дар ҳолати зарурӣ, аз ҷумла дар асоси pro bono, баста мешавад.
4. Донистани забони тоҷикӣ ва русӣ.
5. Иштироки фаъолона дар онлайн-тренингҳо, омӯзиши маводҳои иловагӣ.
6. Маҳорати кор бо компютер, истифодабарии онлайн платформаҳо барои омӯзиш.
7. Мавҷудияти компютери шахсӣ барои иштирок дар онлайн-тренингҳо.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар барнома, резюме ва мактуби ҳавасмандии худро то санаи 6 декабри соли 2020 ба почтаи электронии: najibshirin@gmail.com равон намоянд ва барои саволҳои иловагӣ тариқи рақамҳои мобилии 918734699, 930800429 дар тамос шаванд.
Ташаккур.
Бо эҳтиром,
Директори МТИА
ФОЗИЛ ОҚИЛОВ