БИҲИШТ ДАР ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ.
Имрӯз дар Коллегияи адвокатҳои “Истиқлол”- и шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи 8 март, рӯзи Модарон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Нуритдинов Саидбек Ҳасанович иштирок ва суханронӣ карда, ҳамаи бонувон-адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин иди фархунда табрику таҳният гуфтанд. Ҳадиси ” Биҳишт дар зери қудуми модарон аст” беҳтарин аснод ва далолат бар бузургии Зан-Модар аст, зикр намуданд мавсуф дар каломашон. Ҳамзамон, дигар иштирокчиён баромад намуда, зан-адвокатҳои коллегияи мазкур ва дар шахсияти онҳо ҳамаи бонувон-адвокатҳои ҷумҳуриро бо ин ҷашни арзанда муборакбод гуфтанд.