СЕМИНАР

Тибқи Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокат рӯзҳои 9-10 апрели соли 2020 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари дурӯза дар мавзӯи «Ҳуқуқ ба ҳимоя: даъват, таъин намудан, иваз кардан, даст кашидан аз ҳимоятгар, ваколатҳои ҳимоятгар, пардохти музди меҳнати адвокат ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ» тавъам бо машғулиятҳои амалӣ баргузор гардид, ки дар раванди он зиёда аз 20 нафар шунавандагон иштироки фаъолона намуданд. Семинари мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ки дар амалишавии Консепсияи давлатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми боризу арзанда дорад, доир гардид.