Ба истифода додани бинои ММ ИА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
22 маи соли 2024 дар шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили рӯзи адвокатура маросими расман ба истифода додани бино ва Маркази омӯзишии Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш шарикони рушд-намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ Алишер Ҳайдаров-Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикотӣ ва буридани лентаи ифтитоҳӣ расман кушодашавии иншооти мазкурро эълон намуд. Баъди ин, меҳмонон аз бино ва маркази омӯзишии мазкур дидан карда, бо утоқҳои корӣ, китобхона ва толори машғулиятҳои он шинос шуданд. Ҳамзамон ба иштирокчиён ролик-филми ҳуҷҷатии кутоҳмуддат оид ба таърихи Иттифоқи адвокатҳо ва ҳамкориҳои он бо шарикони рушд ба намоиш гузошта шуд. Баъди гирифтани акси умумӣ дар толори тарабхонаи “Эҳсони Даврон” Конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар оғоз роҳбарияти Иттифоқи адвокатҳо ва меҳмонон баромадҳои ифтитоҳӣ ва табрикотӣ ироа намуданд. Бо муаррифии мавзуҳои: Марҳилаҳои таърихии адвокатураи тоҷик ва роҳҳои тайкардаи он, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ-заминагузори ҳуқуқии адвокатураи муосири тоҷик, Дастовардҳо ва мушкилотҳо дар самти таъмини ёрии ҳуқуқии ройгон, Нақши зан-адвокат дар низоми адвокатураи муосир, Маърифати ҳуқуқии ҷомеа-омили муҳими таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Ҳамкориҳои Иттифоқи адвокатҳо бо шарикони руш дар самти устувории ниҳоди адвокатура, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, ин ва дигар масъалаҳои мубрами адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ дар байни иштирокчиён мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор гирифтанд. Дар охир, мақсаду маром ва чорабиниҳои нақшавии Иттифоқи адвокатҳо, оид ба гузаронидани ислоҳотҳои ҷадид дар низоми адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, дар дурнамои наздик ва дар заминаи Консепсияи рушди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030, ба иштирокдорон эълон карда шуд.