АМАЛИШАВИИ КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА БАРҲАМ ДОДАНИ ТАБЪИЗИ НАЖОДӢ.
5-уми феврали соли 2020 бо тадорукоти намояндаи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар қароргоҳи 2 Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҷаласаи муштарак вобаста ба муҳокимаи Лоиҳаи маърӯзаи даврагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амалишавии Конвенсияи байналмилалӣ оиди барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳим Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов С.Ҳ. ва директори МТИА Оқилов Ф.О. иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур маълумотнома-ҷавобҳо оид ба иҷроиши ин Конвенсия, ки дар бандҳои 6, 8, 10, 12, 14, 16, 18, 20, 22, 24, 26, 28, 29, 30, 31, 32, 33 ва 37-и эродҳои ҷамъбастии Кумита оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ оварда шудааст, шунида шуда, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Мӯҳтавои ҷавоб- маълумотномаҳо ба ин бандҳоро масъалаҳои зерин:
– Ҷамъоварии маълумотҳо.
– Муайян кардани мафҳуми табъизи нажодӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ бо он.
– мавҷуд набудани парвандаҳои судӣ оид ба табъизи нажодӣ.
– иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ.
– ҳолати иҷтимоии ҷамъияти ҷугиҳо.
– ҳолати гурезагон ва шахсони паноҳпурсанда.
– ҳолати шахсони бетабаъа.
– мубориза бо савдои одамон.
– дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии забони ақалиятҳои этносӣ.
– Таболули афкор бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ
ва ғайра
дар бар мегирифт.
Бо пешниҳоди раёсати ҷаласа Иттифоқи адвокатҳо муаззаф гардид, ки дар гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо мақомотҳои давлатӣ оид ба маърифатнокии ақалиятҳои этносӣ саҳми арзанда гузорад ва ба тариқи илова дар алоҳидагӣ маълумотномаи мукаммалро дар бораи корҳои иҷрошуда доир ба муқовимат бо савдои одамон (бо назардошти нақши муассир доштанаш дар баргузории ин гуна чорабиниҳо) пешниҳод намояд.
Ин иқдом ва боварӣ бори дигар ба ҳамгирову шарик будан ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд доштани Иттифоқи адвокатҳо бо ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ дар амалӣ гардонии чорабиниҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ шаҳодат медиҳад.