Ҳамкориҳои Иттифоқи адвокатҳои ҶТ бо ДДТТ

Рӯзи 23 ноябри соли 2023, дар арафаи иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳои Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана баргузор гардид. Дар ҳошияи ин чорабинии муҳим намояндагони ДДТТ бо сарварии Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар, адвокатҳо ва аъзоёни Раёсат, таҳти роҳбарии Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ҳайдаров, иштирок намуданд. Дар мизи мудаввар роҳбарони ҳар ду ҷониб ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ карда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба тақвият ва рушди муносибатҳо дар самтҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, зиёд кардани шумораи таҷрибаомӯзон дар Иттифоқи адвокатҳо ва фаро гирифтани онҳо дар мақомотҳои минтақавии он, баланд бардоштани савияи донишҳои назариявию амалии онҳо, иштирок дар чорабиниҳои омӯзишии муштарак, дастрасии иттилотии таълимию методӣ, ташкил кардани курсҳои махсуси адвокатура дар Донишгоҳ, ҷалб ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон барои кор дар ниҳоди адвокатура ва ғайра ба мувофиқа расиданд.